Мулоқот бо нақлиётчиён: танзими интизоми нақлиётии пойтахт

Мулоқот бо нақлиётчиён: танзими интизоми нақлиётии пойтахт

  Фароҳам сохтани шароитҳои ба талаботи ҷаҳонии роҳсозӣ ҷавобгӯ, таъмини нақлиёти мусофирбари замонавӣ ва танзими роҳу нақлиёт яке аз масъалаҳои муҳимест, ки ҳамеша зери таваҷҷӯҳи роҳбарияти олии кишвар қарор дорад. Махсусан, солҳои охир бо талошу заҳматҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳҳои ҳудуди пйтахт марҳила ба марҳила азнавсозӣ гардида, бо инфрасохтори зарурӣ таъмин карда шудааст. Ҳамзамон парки нақлиётӣ бо воситаҳои нақлиёти замонавии мусофирбар таъмин карда шуда, барои ҳамлу нақли шаҳрвандон шароитҳои хуб фароҳам гаштааст.

  Бо мақсади боз ҳам дар сатҳи зарурӣ танзим намудани низоми нақлиётии пойтахт дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ барузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов ва роҳбарияти Раёсати БДА, Воҳиди махсус, Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД, ШВКД дар шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияҳои Варзоб, ШВКД-1 ва ШВКД-2 дар ноҳияи Рӯдакӣ, кормандони бозрасии милитсияи пойтахт, инчунин намояндагони Вазорати нақлиёт ширкат намуданд.


  Дар ҷараёни ҷаласаи мазкур “Нақшаи чорабиниҳои иловагӣ оид ба тартиб даровардани интизоми нақлиётӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе”, ки дар мувофиқа бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
  Чуноне таъкид гардид, новобаста аз шароитҳои хуби фароҳам гашта, мутаассифона баъзе аз ронандагон одитарин қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд, ки ин омил дар баъзе маврид боиси ба миён омадани ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ мегардад. Баъзе аз ронандагон дидаву дониста воситаи нақлиёти худро дар қатори дуюму сеюм ва ҷойҳои номуқарраргашта таваққуф намуда, боиси ба миён омадани тамбашавии сунъии роҳҳои нақлиётгард мегарданд, ки ҳамаи ин бешубҳа нишондиҳандаи сатҳи маърифатнокии ҳар як ронанда ба шумор меравад.


  Дар идомаи ҷаласаи мазкур масъалаҳои пешгирии ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркашон бо салачархҳои лойолуд ва борҳои пошхуранда бе пардаҳои ҳимоявӣ, идора намудани воситаҳои нақлиёти ифлос ва нақлиёте, ки дуди ихроҷшавандаи он аз меъёр зиёд аст, бартарафсозии тамбашавии сунъии воситаҳои нақлиёт, таваққуфи нодуруст ва дигар масъалаҳои мубрам мавриди баррасӣ қарор дода шуда, баргузории рейду амалиётҳои санҷишӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба нақша гирифта шуданд.
  Ҳамзамон ба нозирони бозрасии шаҳру ноҳияҳои атрофи шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки ҷиҳати пешгирии ба шаҳри Душанбе воридшавии воситаҳои нақлиёти боркашоне, ки қоидаҳои боркашониро риоя намекунанд ва бо амали худ боиси косташавии симои пойтахт мегарданд, чорабиниҳои мақсаднок гузаронида шаванд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin