Боздошти ронандаи «БМВ» барои ташкили пойгаҳи ғайриқонунӣ

Боздошти ронандаи «БМВ» барои ташкили пойгаҳи ғайриқонунӣ

  Дар асоси навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, аз ҷониби кормандони милитсия, ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ”, рақамҳои қайди давлатиаш 8786МР01, шаҳрванд Пирматов Насимҷон Бахтиёрович, санаи таваллудаш 17.12.1996, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.
  Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда санаи 20-уми январи соли ҷорӣ, дар шоҳроҳи кӯчаи Ҳ.Шерозӣ тавассути воситаи нақлиёти худ пойгаҳи ғайриқонунӣ ташкил намудааст.
  Айни замон автомашинаи мазкур боздошт ва ба ҷаримагоҳи муваққатии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуд.
  Вобаста ба ин ҳолат нисбати ронанда-Пирматов Насимҷон тибқи талаботи моддаи 326 иловаи 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ташкили пойгаҳи ғайриқонунӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суд ирсол карда шуд.

Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin