• Home »
  • Баромадҳо »
  • Саҳмгузории собиқадорон дар тарбияи корманд-ҷавонони милитсияи пойтахт
Саҳмгузории собиқадорон дар тарбияи корманд-ҷавонони милитсияи пойтахт

Саҳмгузории собиқадорон дар тарбияи корманд-ҷавонони милитсияи пойтахт

  Собиқадорони мақомоти милитсия мактаби бузургу мукаммали шуҷоату мардонагӣ, далериву ҷасурӣ ва донишу малакаи касбӣ ба шумор мераванд. Воқеан дар тӯли фаъолияташон баҳри ҳифзи дастовардҳои истиқлол, пойдории сулҳ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, мубориза бар зидди гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор кӯшиши зиёд ба харҷ дода, корнамоиҳои бемисл нишон додаанд. Ин аст, ки бо мақсади омӯзиши мактаби мардонагӣ ва донишу малакаи касбии собиқадорон дар Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он Шӯрои собиқадорони милитсия таъсис ёфта, хизматҳои шоёни собиқадорон қадр ва таҷрибаву малакаи касбии онҳо омухта мешаванд.
  Қобили зикр аст, ки Шӯрои собиқадорони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе низ пайваста дар тамоми чорабиниҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат намуда, дар баробари омӯзишу тарбияи кадрҳои ҷавон ҳамзамон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб саҳми беандозаи хешро мегузоранд.


  Аз ҷумла, дар доираи нақша-чорабиниҳои тасдиқ намудаи роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт, аз ҷониби Шӯрои собиқадорон семинар-машваратҳои омӯзишӣ, таҳти унвони «Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир…» ташкил карда шудааст, ки зимни баргузории он собиқадорон аз таҷриба ва самтҳои гуногуни фаъолияти худ бо кормандони милитсия дарсҳои омӯзишӣ мегузаранд. Чунончӣ, мулоқоти навбатии собиқадорон бо кормандони қисмҳои навбатдории мақомоти милитсияи пойтахт доир карда шуд, ки дар он раиси Шӯрои собиқадорони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, полковники мустаъфии милитсия Раҳматшо Негматов ва Сарнозири кор оид ба қисмҳои навбатдории Раёсати нозироти ташкилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Ҳафизов Ҷумахон ширкат намуданд.
  Зимни бургузории семинари омӯзишӣ, ба кормандони қисмҳои навбатдории мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе, оид ба тарзи қабули навбатдорӣ, қабули арзу шикоятҳои шаҳрвандон, ба танзим даровардани китобҳои хизматӣ, ба қайдгирии ҳодисаву ҷиноятҳое, ки дар давоми шабонӯз содир мешаванд ва дигар самтҳои муҳимми фаъолият омӯзонида шуданд. Чуноне, зикр гардид, кормандони қисми навбатдорӣ ба таври шабонарӯзӣ фаъолият намуда, бевосита дар робитаи зич бо шаҳрвандон ва қабулкунандаи ҳама гуна ҳодисаву ҷиноят ба шумор мераванд.


  Раҳматшо Неъматов-полковни мустаъфии милитсия, ки солҳои тулонӣ дар қисми навбатдорӣ фаъолият намуда, аз нозукиҳои ин самти фаъолияти мақомоти милитсия ба хубӣ огоҳӣ дошта таҷрибаи кории зиёде аз бар намудааст, зимни баргузории семинари омӯзишӣ ба кормандони қисмҳои набатдорӣ, аз донишу малакаи касбӣ ва таҷрибаи дар тӯли фаъолияти корӣ андухтаи худ нақлҳои ҷолиб намуда, онҳоро дар рӯҳияи хештаншиносиву худогоҳӣ ва садоқатмандӣ ба касбу хизмати шоиста ба халқу миллат раҳнамоӣ сохт.


  Метавон гуфт, ки собиқадорони милитсияи тоҷик дар тӯли фаъолияти кориашон барои ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, пойдории сулҳ, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, мубориза бар зидди гурӯҳҳои муташаккилӣ ҷинояткор кӯшиши зиёд ба харҷ дода, имрӯз низ баҳри пойдории сулҳу суботи кишвар саҳми арзандаи хешро мегузоранд. Ҷидду ҷаҳт ва саъю кӯшиши ҳар як корманд ва собиқадорони мақомоти милитсия бар он равона гардидааст, ки ҳифзи тартиботи ҷамъяитӣ ва амнияти шаҳрвандон дар сатҳи баланд таъмин гардида, суботу оромӣ дар кишвар пойдор бимонад.
  Таъкид гардид, ки баргузории чунин семинарҳои омӯзишӣ минбаъд низ баргузор карда шуда, собиқадорони милитсия оид ба самтҳои гуногуни фаъолияту таҷибаи хеш ба кормандони ҷавонони милитсия дарсҳои омӯзишӣ баргузор менамоянд.

Сироҷиддин Шукурӣ, капитани милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin