Боздошти ронандаи “Лексус” барои ба вуҷуд овардани ҳолати садамавӣ

Боздошти ронандаи “Лексус” барои ба вуҷуд овардани ҳолати садамавӣ

  Дар асоси навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, аз ҷониби кормандони милитсия ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус”, рақамҳои қайди давлатиаш 1111OE 03, шаҳрвандА хмедов Боирҷон Маҳкамович, санаи таваллудаш 02.06.1990, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе боздошт карда шуд.

  Чуноне аз навори нашр гардида ва зимни санҷиш муайян гардид ронандаи мазкур зимни ҳаракат дар кӯчаи Н.Қарабоев аз ҳиссиёти худнамоӣ қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намуда, муайян гардид, дар баробари ба ҳаракати воситаи нақлиёти мусофирбар монеагӣ эҷод намудан, ҳамзамон ҳолати хатарноку садамавиро ба вуҷуд овардааст. Воқеан ин амали номбурда беэҳтиромӣ нисбат ба дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ба шумор рафта, аз ҷониби шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ, мавриди вокунишҳои манфӣ қарор гирифт.

  Айни замон воситаи нақлиёти мазкур ба ҷаримагоҳи муваққатии Шӯъбаи бозрасии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуда, нисбати ронанда-Ахмедов Боирҷон тибқи талаботи моддаи 326 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin