Ҷаримабандии ронандаи дағалгуфтор

Ҷаримабандии ронандаи дағалгуфтор

  Дар асоси навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи пойтахт, шаҳрванд Маҳмаднуров Зариф Абдулҳакимович, санаи таваллудаш 10.03.1960, сокини шаҳри Душанбе, ронандаи авотомашинаи тамғаи «Хундай», рақами қайди давлатиаш 8571ТТ05, барои дағалгуфторӣ дастгир карда шуд.
  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ӯ аз соли 2019 то ин замон ҳамчун ронандаи воситаи нақлиёти мусофиркашон дар ширкати ҶДММ «Сайёҳон» (Рахш такси-3333) кору фаъолият менамояд. Номбурда санаи 27-уми ноябри соли ҷорӣ, тахминан соати 11:30 дақиқа, ҳангоми фаъолияти корӣ дар назди бозори «Меҳргон», нисбати як нафар мусофирзан дашномҳои қабеҳ гуфта, дар баробари шаъну шарафи ӯро паст задан, тартиботи ҷамъиятиро низ вайрон кардааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Маҳмаднуров Зариф тибқи талаботи моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори Суд нибати номбурда ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 10-нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ карда шуд.
  Ҳамзамон, аз ҷониби ҶДММ «Сайёҳон» шартномаи хизматрасонӣ бо шаҳрванд Маҳмаднуров Зариф қатъ карда шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin