Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи милистия

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи милистия

  Дар Раёсати ВКД шаҳри Душанбе дар доираи маҳфили «Маърифати Ватандӯстӣ», бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иди касбии кормандони милитсия чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар маҳфили мазкур муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, Табарзода Ҷамшед Афзал, академик Маҳмудзода Маҳкам Аъзам, сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов ва роҳбарону ҳайати шахсии мақомоти милитсияи пойтахт ширкат намуданд.
  Нахуст, пеш аз оғози чорабинӣ аз ҷониби меҳмонон бо мақсади пос доштани хотираи собиқадорону шаҳидон ба лавҳаи хотиравии собиқ вазири корҳои дохилӣ Бобо Маҳкам ва пояи хотироти шаҳидон гулчамбар гузошта шуд.


  Қисмати асосии чорабинӣ бо садо додани суруди миллӣ ва ҳамчун рамзи далерию шуҷоатмандӣ ба толори Раёсат ворид намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.


  Бо мақсади таҷлили рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омӯзиши марҳилаҳои ташаккули он, академик Маҳмудзода Маҳкам Аъзам, вобаста ба паҳлӯҳои гуногуни ин санади олии кишвар суханронӣ намуд. Мавсуф таъкид доштанд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадаи олии меъёрии ҳуқуқӣ ба шумор рафта, пеш аз ҳама ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат дода, дар бунёди Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон, замина гузоштааст. Воқеан Констиутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз беҳрин қонуни асосӣ дар миқёси минтақа ва ҷаҳон ба шумор меравад. Номбурда ҳамзамон иброз намуданд, ки нақши кормандони милитсия низ дар амалисозӣ ва татбиқи меъёрҳои Конститутсия арзишманд ба шумор меравад.


  Дар идомаи чорабинӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед суханронӣ намуда, табрикоти самимонаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ба ҳайати шахсии мақомоти милитсияи пойтахтро расонид. Номбурда таъкид доштанд, ки дар ҳақиқат кормандони милитсияи шаҳри Душанбе дар марҳилаҳои гуногуни бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва рушду нумуи пойтахти кишвар ҳамчун шаҳри анмну субот, ҷиҳати таъмини волоияти қонун, назму тартибот ва пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб саҳми худро гузошта, фаъолияти самарабахшу арзишманд намудаанд. Ин аст, ки мақомоти милитсия зери таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои ҳамешагии роҳбарияти олии кишвар ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор доранд.
  Қобили зикр аст, ки дар арафаи таҷлили ҳамаи иду ҷашнҳои умумимиллӣ, махсусан Рӯзи милитсия, дар вазъияти тантанавӣ як қатор кормандони фаъоли милитсияи пойтахт бо туҳфаҳои пуливу хотиравӣ аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қадрдонӣ карда шуданд.

  Дар қисмати дигари чорабинии мазкур сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ суханронӣ намуда, ба ҳайати шахсии мақомоти милитсияи пойтахт номаи табрикотии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, бахшида ба таҷлили Рӯзи милитсияро расонид.
  Зимни суханронии худ мавсуф иброз дошт, ки меҳнати хоксорона ва фидокоронаи кормандони милитсияи шаҳри Душанбе шаъну шараф ва обрӯю эътибори мақомотро дар ҷамъият баланд бардошта, боварии сокинони пойтахтро ба милитсия бештар намуд. Вобаста ба ин таъкид намудан зарур аст, ки аз натиҷаҳои фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, тараққиёту пешравии ҷомеа, мустаҳкам гардидани институтҳои демократӣ ва ободиву пешравии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати аз ҷиҳати иқтисодӣ пурқувват ва мустақил вобастагии калон дорад.


  Бо боварӣ метавон гуфт, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар вазнинтарин шароит барои якпорчагии кишвари худ мубориза бурда, тавонистанд сулҳу оромиро дар кишвар таъмин созанд. Минбаъд низ ба савганди худ содиқ буда, баҳри ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб ҳамчун сипари боэътимоди давлату миллат ҷони худро фидо месозанд.


  Боиси хушнудист, ки бо назардошти фаъолияти шабонарӯзӣ ва натиҷаҳои баланди фаъолияти корӣ, дар арафаи таҷлили Рӯзи милитсия се нафар кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ба рутбаи полковники милитсия сарфароз гардонида шуданд. Инчунин, дар ҷараёни чорабинии мазкур аз дастоварди бузурги варзишгарбону, корманди Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, лейтенанти калони милитсия Миҷгона Самадова, ки аввалиншуда аз риштаи бокс ба бозиҳои Олимпӣ роҳхат гирифт, ёдоварӣ гардида, номбурда аз ҷониби мақомоти милитсия ва роҳбарияти Федератсияи Бокси Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ карда шуд.


  Ҳамзамон дар қисмати охири чорабинии мазкур як қатор кормандони милитсия бо рутбаҳои махсуси навбатӣ, медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорномаю Сипосномаҳо, ҳамзамон собиқадорону оилаҳои кормандони зимни адои хизмат фавтида бо туҳфаҳои моливу хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin