Муттаҳид бо Пешво дар зери ин парчам шавем

Муттаҳид бо Пешво дар зери ин парчам шавем

  Дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар доираи маҳфили «Маърифати Ватандӯстӣ», ба муносибати таҷлили Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ зерои унвони «Муттаҳид бо Пешво дар зери ин парчам шавем» баргузор гардид.
  Дар чорабинии мазкур роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти милитсияи пойтахт ширкат намуданд.

 

  Нахуст ба ширкатдорон китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳама саршор аз тараннуми ватандориву меҳанпарастист манзур карда шуд. Ҳамзамон расмҳои мавзеъҳои таърихӣ, маконҳои зебову назаррабои кишвари азизамон Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расмҳои лаҳзаҳои таърихӣ, ки бозгӯи раванди ба даст овардани истиқололи давлативу сулҳофарӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ба шумор мераванд, ба ширкатдорони чорабинӣ ба намоиш гузошта шуд.


  Қобили зикр аст, ки кормандони мақомоти милитсия дар баробари таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои номатлубу ҷиноятӣ, ҳамзамон дар раванди устувор гардонии пояҳои давлатдорӣ зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ва парчами миллӣ муттаҳид гашта, пайваста саҳми худро дар пешрафту шукуфоии кишвар мегузоранд. Ҳамзамон кормандони милитсияи пойтахт дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ширкат намуда, дар арсаи байналмилалӣ бо парафшон намудани парчами давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври шоиста муаррифӣ месозанд.


  Бо боварии комил метавон гуфт, ки мо кормандони милитсия ба савганди худ содиқ буда, ҳама муттаҳиду сарҷамъ бо парафшон намудани парчами худ, баҳри пойдории субботу оромӣ талош менамоем.

Сироҷиддин Шукурӣ, капитани милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin