• Home »
  • Баромадҳо »
  • Ифтитоҳи бинои Шуъбачаи шаҳрии милитсияи ШВКД-1 дар н. Фирдавсӣ
Ифтитоҳи бинои Шуъбачаи шаҳрии милитсияи ШВКД-1 дар н. Фирдавсӣ

Ифтитоҳи бинои Шуъбачаи шаҳрии милитсияи ШВКД-1 дар н. Фирдавсӣ

  Дар доираи иқдомҳои ободкорию созандагӣ пайваста биноҳои маъмурӣ таъмир ва шароитҳои зарурӣ барои фаъолияти самараноки кормандони мақомоти милитсия таъмин карда мешавад. Имрӯзҳо бо дастгириҳои роҳбарияти олии кишвар мақомоти милитсияи тоҷик ба марҳилаи сифатан нави фаъолияти корӣ ворид гардида, ба як ниҳоди калидӣ ва тавонои кишвар табдил ёфтааст.


  Аз ҷумла, дар доираи дастгириҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва ҷузъу томҳои он пайваста азнавсозӣ карда шуда, шароитҳои зарурӣ таъмин карда мешаванд. Дар арафаи таҷлили Рӯзи милитсияи тоҷик бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт бинои Шӯъбачаи шаҳрии милитсияи ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ пурра таъмир ва навсозӣ карда шуд. Утоқҳои корӣ бо тамоми шароитҳои зарурӣ таъмин карда шуда, ҳамзамон толори маҷлисгоҳ, қисми навбатдорӣ, утоқи қабули шаҳрвандон ва дигар шароитҳои хизматию маишӣ сохта ба истифода дода шуд.


  Вазири корҳои дохилӣ, зимни ифтитоҳи бинои мазкур ва мулоқот бо кормандони милитсия ба иҷрои саривақтии ӯҳдадориҳо хизматӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ таъкид намуданд.
  Қобили зикр аст, ки кормандони Шӯъбачаи мазкур дар баробари дигар самтҳои фаъолият ҳамзамон дар ҶДММ “Бозори Корвон” бо мақсади таъмини тартиботу амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи молу мулки онҳо ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд. Воқеан сохта ба истифода додани бинои мазкур ва таъмини шароитҳои зарурӣ ба кормандони милитсия ҷиҳати иҷрои саривақтии ӯҳдадориҳои хизматӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад. Ин аст, ки шаҳрвандон низ ба мақомоти милитсия ҳамкориро тақвият дода, дар симои милитсия ҳомии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худро мебинанд.


  Бо боварии комил метавон гуфт, ки кормандони милитсия аз иҷрои вазифаҳои хизматии худ сарбаландона баромада, бо садоқатмандӣ ба савганди худ, ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонро ҳифз менамоянд.

Сироҷиддин Шукурӣ, капитани милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin