Вокуниш: чораандешӣ нисбати ронандагон ва наврасоне, ки тартиботро вайрон кардаанд

Вокуниш: чораандешӣ нисбати ронандагон ва наврасоне, ки тартиботро вайрон кардаанд

  Санаи 24-уми ноябри соли ҷорӣ, зимни таҷлили рӯзи парчами миллӣ як гурӯҳ ронандагон ҳаракати гурӯҳӣ ташкил намуда, мусофирони онҳо, ки ҳама ноболиғанд худро аз паҳлӯи воситаҳои нақлиёт ба берун бароварда, тартиботи ҷамъиятӣ ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон ва ҷони худро зери хатар гузоштаанд.

  Зимни санҷиш аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе муайян карда шуд, ки ҳодисаи мазкур санаи 24-уми ноябри соли ҷорӣ, тахминан соати 13:30 дақиқа, дар кӯчаҳои А.Сино ва Маяковский аз ҷониби 11 нафар ронанда ва 13 нафар мусофирони онҳо, хонандагони МТМУ-и ноҳияи Рудакӣ ва шаҳри Душанбе содир гардиааст.

  Чуноне аз наворҳо ва зимни санҷиш муайян карда шуд, номбурдагон зимни ҳаракати гурӯҳӣ худро аз автомашина бароварда, бо овози баланду гушхарош доду фиғон намуда, бо амалҳои худ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, боиси нороҳатӣ ва эътирози шаҳрвандон гардиданд. Нафарони дар ҳуқуқвайронкунӣ даст дошта, боздошт ва ба мақомоти корҳои дохилӣ дастрас карда шуданд. 

  Зикр намудан зарур аст, ки ҳарчанд онҳо бо ин амал муҳаббат доштани худро ба парчам нишон доданӣ бошанд ҳам, вале кирдори онҳо аз доираи меъёрҳои ахлоқӣ берун буда, ронандагон зимни ҳаракати гурӯҳӣ қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намуда, ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт халал ворид сохтаанд.

  Вобаста ба ин, нисбати 11-нафар ронандагон барои ташкили ҳаракати гурӯҳӣ тибқи талаботи моддаи 328-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Ҳамзамон нисбати 5 нафар хонандагони яке аз муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ва қабули қарори қонунӣ ба масъулини ШВКД-1 дар ноҳияи Рудакӣ ирсол карда шуд. Инчунин нисбати волидайни 8-нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суд ирсол карда шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin