• Home »
  • ХАБАР »
  • Ошкор шудани тақаллубкориҳо вобаста ба хариду фурӯши автомашина
Ошкор шудани тақаллубкориҳо вобаста ба хариду фурӯши автомашина

Ошкор шудани тақаллубкориҳо вобаста ба хариду фурӯши автомашина

  Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 28-солаи сокини ноҳияи Ховалинг бо роҳи фиреб ба боварии марди 55-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, автомашинаи тамғаи “Авалон”-ро 205 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ намуда қисман маблағашро пардохт карда, автомашинаи мазкурро ба гарав гузошта маблағи ба даст овардашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
  Инчунин, гумонбаршаванда бо роҳи фиреб ба боварии марди 33-солаи сокини пойтахт даромада, автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро 741 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ намуда, онро ба гарав гузошта маблағи ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
  Ҳамин тариқ, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли 2023, марди 35-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 2-адад автомашинаи тамғаи «Киа-Спортеж» арзишаш 150 ҳазор сомонӣ ва «Тайота Кемри-2» арзишаш 140 ҳазор сомониро гирифта ваъда додааст, ки дар муддати 3 рӯз маблағашро ба пуррагӣ бармегардонад, аммо номбурда аз ин маблағ 107 ҳазор сомониашро баргардонида, боқимонда 183 ҳазор сомониашро то ҳол барнагардонида, фиреб карда гаштааст.
  Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin