• Home »
  • ХАБАР »
  • Баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати риояи одоби шаҳрнишинӣ
Баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати риояи одоби шаҳрнишинӣ

Баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати риояи одоби шаҳрнишинӣ

  Гарчанде дар тамоми назди биноҳои истиқоматии шаҳри Душанбе барои партофтани партовҳои маишӣ нуқтаҳои махсус сохта ба истифода дода шудаанд, вале баъзе аз шаҳрвандон одоби шаҳрдориро вайрон намуда, партовҳои худро дар маконҳои номуайяншуда мепартоянд, ки ин боиси коста гардидани ҳусни пойтахт мегардад.
  Дар натиҷаи санҷиши навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашргардида, шаҳрванд Ставичний Владимир Иванович, санаи таваллудаш 19.04.1966, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи И.Сомонӣ, кӯчаи Шота Руставели, ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, рақами қайди давлатиаш 1212QQ 01, барои дар макони номуайяншуда гузоштани партов, ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд.


  Зимни пурсиш муайян карда шуд, ки номбурда санаи 17-уми сентябри соли ҷорӣ, тахминан соати 19:30 дақиқа партовҳои атрофи бинои истиқоматиашонро ҷамъоварӣ намуда, тавассути автомашинаи худ ба канори роҳи мошингард оварда, дар ҷои номуқарраршуда гузоштааст. Ин ҳолат боиси норозигии шаҳрвандону атрофиён гашта, аз мақомоти милитсия хостори андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ гардидаанд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Ставичний Владимир барои дар ҷойи номуайяншуда гузоштани партов тибқи талаботи моддаи 452 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.


  Ҳамзамон канори роҳ аз партовҳо пурра тоза карда шуда, бо сокинони кӯчаи мазкур ҷиҳати истифода аз партовгоҳ ва ба тозагӣ риоя намудан, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin