• Home »
  • ХАБАР »
  • Ошкор гардидани дуздӣ аз дохили терминали маблағгузаронӣ
Ошкор гардидани дуздӣ аз дохили терминали маблағгузаронӣ

Ошкор гардидани дуздӣ аз дохили терминали маблағгузаронӣ

  Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 39-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 23 ба 24-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 01:50-дақиқа, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ терминали маблағгузаронӣ, воқеъ дар кӯчаи Шамсиро зада шикаста, аз дохилаш 3 ҳазору 720 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 5 ҳазору 720 сомониро ташкил медиҳад.
  Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-сола ва ноболиғони 15, 17 ва 15-солаи сокинони шаҳри Душанбе, ки якеашон пеш бо моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
  Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin