• Home »
  • ХАБАР »
  • Вокуниш: муноқишаи ду ҳамсоя ҳамчун ҷиноят ба қайд гирифта шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад!
Вокуниш: муноқишаи ду ҳамсоя ҳамчун ҷиноят ба қайд гирифта шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад!

Вокуниш: муноқишаи ду ҳамсоя ҳамчун ҷиноят ба қайд гирифта шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад!

  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе оид ба муроҷиати фейсбукии шаҳрванд Нагзибекова Тахмина Неъматуллоевна, санаи таваллудаш 11.10.1991, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Айнӣ, бинои №59, расман ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки ҳодисаи мазкур ҳамчун ҷиноят ба қайд гирифта шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.


  Қобили зикр аст, ки аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе зимни санҷиш муайян карда шуд, ки шаҳрванд Нагзибекова Тахмина дар натиҷаи мунтазам мушоҳида намудани истифодаи тамоку дар роҳрави манзили истиқоматӣ ба ин амали ҳамсояи худ, шаҳрванд Миржалолова Камелла Фурқатовна, санаи таваллудаш 21.08.2000, эрод гирифта, аз ӯ хоҳиш кардааст, ки ба тозагӣ риоя намуда, дар роҳрав ва дар назди кӯдакони хурдсол камтар аз тамокӯ истифода намояд. Аммо, шаҳрванд Миржалолова Камелла ба ҷойи ислоҳи худ ба таҳдиду муноқиша гузашта, ҳамзамон бо ҳамроҳии модараш Салдатова Элена Александровна, санаи таваллудаш 16.09.1976, нисбати муроҷиаткунанда-Нагзибекова Тахмина зуроварӣ намудаанд.


  Ҳамзамон зимни санҷиши ҳодисаи мазкур муайян карда шуд, ки санан 15-уми сентябри соли ҷорӣ, тахминан соати 20:30 дақиқа нахуст сокини дигари бинои мазкур, шаҳрванд Саримсаков Акбар Мунъимович, санаи таваллудаш 18.02.1990, ҳангоми бармодан аз бино нисбати шаҳрванд Миржалолова Камелла дағалона рафтор намуда, бо дастонаш ӯро буғӣ намудааст. Дар натиҷа, шаҳрванд Миржалолова Камелла бо ҳамроҳии модараш Саримсаков Акбарро мавриди лату куб қарор додаанд. Ҳамаи ин ҳолатҳо дар камераҳои назоратии атрофии бинои мазкур пурра сабт гардида, исботи вайрон гардидани тартиботи ҷамъиятӣ ба шумор меравад.


  Вобаста ба ҳолати мазкур, аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, нисбати ҳар ду ҷониб бо мақсади оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ тибқи талаботи моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin