Баррасии муроҷиати шаҳрвандон

Баррасии муроҷиати шаҳрвандон

  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки ҷиҳати баррасии муроҷиати дастаҷамъонаи шаҳрвандон-сокинони бинои баландошёнаи ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи А.Ҷомӣ, ки таҳти унвони “МАНТУХОНА” НАШУД, БАЛО ШУД!, дар ҳафтаномаи СССР ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардидааст, гурӯҳӣ корӣ аз ҳисоби кормандони мақомоти ваколатдор созмон дода шуд.
  Дар натиҷаи санҷиш ваҷҳҳои дар муроҷиати мазкур зикргардида исботи худро ёфтанд. Новобаста аз он ки масъулони «Мантухона»-и мазкур аз ҷониби сохторҳои ваколатдори давлатӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сухтор ва ҳолати санитарию-эпидемиологӣ огоҳ карда шуда бошанд, ҳам вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд то ҳол мушкилоти ҷойдошта бартараф карда нашудаанд, ки боиси норозигии шаҳрвандон гардидааст.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати масъули «Мантухона» шаҳрванд Самадов Хуршед Ғаниевич, санаи таваллудаш 06.06.1973, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе тибқи талаботи моддаҳои 473 (Риоя ё иҷро накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор) ва 117 (Риоя накардани талаботи санитарию эпидемиологӣ дар корхонаҳои хӯроки умумӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, ҳамзамон ҳолати ҷойдошта пурра бартараф карда шуданд.
  Инчунин масъулони «Мантухона»-и мазкур ҷиҳати риоя ва минбаъд ба чунин ҳуқуқвайронкуниҳо даст назадан ба таври қатъӣ бо гирифтани забонхат расман огоҳонида шуданд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin