Боздошти ду ронандаи «Спринтер»

Боздошти ду ронандаи «Спринтер»

  Санаи 1-уми августи соли ҷорӣ, дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ навори муноқишаи ду ронандаи воситаи нақлиёти мусофиркашони тамғаи «Спринтер» нашр гардида, боиси вокунишҳои манфии шаҳрвандон гардид. Кормандони мақомоти милитсия зимни пешбурди як қатор каркардҳои оперативӣ санҷишӣ худи ҳамон рӯз шахсияти ронандагонро муайян ва онҳоро дастгир намуда, ҷиҳати чораандешӣ ба мақомоти милитсия дастрас намуданд.


  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки шаҳрвандон Холов Қаҳрамон Идрисович, санаи таваллудаш 27.05.1988, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Маяковский, ронандаи автомашинаи тамғаи «Спринтер», рақамҳои қайди давлатиаш 8961FF01 ва Хоҷаев Дилшод Худойбердиевич, санаи таваллудаш 17.01.1983, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев, ронандаи автомашинаи тамғаи «Спринтер», рақамҳои қайди давлатиаш 5293ОТ01, ба таври ғайриқонунӣ ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғуланд.


  Номбурдагон санаи 1-уми август, тақрибан соати 16:30 дақиқа зимни ҳаракат дар кӯчаи А.Ғуломов барои пештар гирифтани мусофир байни ҳамдигар сабқат намуда, ба ҳаракати якдигар халал расонида, ҳолати хатарнокро ба миён овардаанд. Дар натиҷа, бо алфози қабеҳ дар байни шаҳрвандон ҳамдигарро дашном намуда, ҳамзамон якдигарро мавриди лату кӯб қарор дода, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ҳар ду ҷониб тибқи талаботи моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маъмурӣ татбиқ карда шуд.
  Ҳамзамон, нисбати ҳар ду ронанда барои ғайриқонунӣ ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудан, тибқи талаботи моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin