• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҷамъбасти мусобиқаи кушоди даставӣ оид ба футболи хурд миёни собиқадорон
Ҷамъбасти мусобиқаи кушоди даставӣ оид ба футболи хурд миёни собиқадорон

Ҷамъбасти мусобиқаи кушоди даставӣ оид ба футболи хурд миёни собиқадорон

  Бо ташаббуси бевоситаи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе – дар доираи таҷлили 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – мусобиқаи кушоди даставӣ оид ба футболи хурд миёни собиқадорон баргузор гардид. Вохӯриҳо бештар аз 20 рӯз дар майдони Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ доир гардида, дар он 12 даста дар гурӯҳ барои мақомҳои ифтихорӣ мубориза намуданд. Бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ аз рӯи системаи даврии дар як давр баргузор шуд. Аз ҳар гурӯҳ ду даста ба марҳилаи плей-офф баромада, ҷуфтҳои даври нимниҳоиро ташкил намуданд. Пеш аз вохӯрии ниҳоӣ дастаҳои «Лазиз» ва «Ҳосилот» барои зинаи сеюми ифтихорӣ дидор анҷом доданд. Дидори дастаҳо аз оғоз то анҷом ҷолибу диданӣ сурат гирифта, бо ҳисоби 4 бар 0 ба суди бозингарони «Лазиз» ба анҷом расид.


  Дар рақобати ниҳоӣ тимҳои Шӯрои ҷумҳуривии «Динамо»-и ВКД ва «Вавилон» вориди майдони рақобат гардиданд. Собиқадорони «Динамо» ва «Вавилон» пайваста дар мусобиқаҳои гуногун, ки дар ҳудуди пойтахти кишвар доир мешаванд иштироки фаъолона доранд.
  Дар ҳайати ҳарду тим собиқ бозингарони тими миллии кишвар аз он ҷумла – Раҳматулло Фузайлов, Баҳрулло Давлатов, Рустам Хоҷаев ва чанд тан аз нафароне ҳунарнамоӣ намуданд, ки барои рушди футбол дар кишвар пайваста саҳми арзандаи худро мегузоранд. Дар ин рақобат бозигарони Шӯрои ҷумҳуривии «Динамо»-и ВКД аз оғоз зуд зуд ба хаттӣ ҳамла мегузаштанд ва дар назди дарвозаи «Вавилон» ҳолатҳои хатарнокро созмон медоданд. Собиқадорони «Динамо» дар дидори мазкур бидуни мушкилӣ бар дастаи «Вавилон» бо ҳисоби 4 бар 1 пирӯз гардиданд.


  Пас аз анҷоми рақобати ниҳоӣ дар як фазои тантанавӣ маросими ҷоизасупории мусобиқа доир шуд. Дар маросими ҷоизасупорӣ роҳбарияти ВКД ҶТ, намоядагони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, масъулини Шӯрои ҷумҳуривии «Динамо» иштирок намуданд. Аз ҷониби дастандаркорон як қатор аз бозигарон бо ҷоизаҳои инфиродӣ қадрдонӣ шуданд. Аз он ҷумла, дарвозабони дастаи «Динамо» – Умар Раҳимов беҳтарин дарвозабони мусобиқа гардид, Раҳматулло Фузайлов бошад бо ҷоизаи беҳтарин нимҳимоятгар сарфароз шуд.
  Ҳамлавари беҳтарин – Саймаҳмуд Ғаффоров аз дастаи «Ҳосилот» дониста шуд. Беҳрӯз Файзуллоев аз тими «Вавилон» нишонзани беҳтарини мусобиқа гардид. Александр Забирадзе аз ҳайати «Динамо» унвони беҳтарин бозигари мусобиқаро ба худ касб намуд.


  Бозигарони дастаи «Лазил» бо медалҳои биринҷӣ ва 2000 сомонӣ мукфотпулӣ сарфароз шуданд. Ба собиқадорони тими «Вавилон» дар баробари нишонҳои нуқра 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ супурда шуд. Ба ғолиби мусобиқа бозигарони дастаи Шурои ҷумҳуривии «Динамо»-и ВКД, ки соҳиби мақоми аввал гардиданд – медалҳои тилло, 4 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ва Ҷоми мусобиқа тақдим шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin