Хабар оид ба ҳодисаи сӯхтор дар ошхона

Хабар оид ба ҳодисаи сӯхтор дар ошхона

  2-юми июли соли 2023, соати 05:53 дақиқа, дар ошхонаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Фазлиддин”, воқеъ дар кӯчаи Крупскаяи шаҳри шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омадааст.
  Ҳангоми ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудани оташнишонон муайян гардид, ки сӯхтор дохил ва болопӯши ошхонаро дар масоҳати 150 метри мураббаъ фаро гирифта, хавфи паҳншавии он ба дигар биноҳои ҳамшафат ба миён омадааст.
  Зимни сафарбар намудани қувва ва воситаҳо сӯхтор дар соати 07:05-дақиқа бо пуррагӣ хомӯш карда шуда, зиёда аз 12 миллион сомонӣ молу мулки соҳибмулкон аз коми оташ наҷот дода шуд.
  Сабаб ва зарари ҳодисаи сӯхтор аз ҷониби гурӯҳи корӣ муайян карда мешавад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin