• Home »
  • ХАБАР »
  • Тарбияи мутахассисони ҷавон дар мадди аввал
Тарбияи мутахассисони ҷавон дар мадди аввал

Тарбияи мутахассисони ҷавон дар мадди аввал

  Дар сохтори мақомоти милитсия аксарият кормандонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки бо мақсади баланд бардоштани савияи донишу малакаи касбии онҳо пайваста маҳфилҳои омӯзишӣ, курсҳои забономӯзиву тахассусӣ ва комиссияиҳои аттестатсонӣ ташкил ва гузаронида мешаванд. Дар доираи иқдомҳои мазкур бо кормандони ҷавони мақомоти милитсияи пойтахт, ҷиҳати садоқатмадӣ ба давлату миллат, далериву ҷасурӣ ва иҷрои сатҳи баланди уҳдадориҳои вазифавию хизматӣ суҳбатҳои муфид анҷом дода мешавад.


  Қобили зикр аст, ки дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади санҷиши сатҳи донишу малакаи касбии кормандони ҷавон Комиссияи аттестатсионӣ ташкил карда шудааст, ки зимни пешниҳод ба рутбаҳои аввалину навбатӣ кормандони ҷавон дар доираи ин комиссия аз санҷиш гузаронида мешаванд.
  Ин навбат низ ҷиҳати сарфароз гардонидан ба рутбаҳои навбатӣ як қатор кормандони ҷавони мақомоти милитсияи пойтахт ва ҷузъу томҳои он аз Комиссияи оттестатсинӣ гузаронида шуданд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin