Садама: ҳалокати ронанда ва мусофири автомашинаи «Мерседес»

Садама: ҳалокати ронанда ва мусофири автомашинаи «Мерседес»

  Санаи 05.07.2023, тахминан соати 15:13 дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», рақамҳои қайди давлатиаш 9381FF01, Бобоҷонов К. ҳангоми ҳаракат бо хиёбони Рӯдакӣ аз самти кӯчаи Амиршоев ба самти ноҳияи Варзоб, дар рӯ ба рӯи даромадгоҳи корхонаи сементбарорӣ, ҳангоми сабқатнамудан ба муқобили самти ҳаракат баромада, ба автомашинаи тамғаи «Хова» (Дулан), рақамҳои қайди давлатиаш 376АА01, таҳти идораи Шарипов Р., ки аз самти ноҳияи Варзоб ба самти кӯчаи Амиршоев бо роҳи худ ҳаракат мекард, бархурдааст.


  Дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ, ронанда ва мусофири автомашинаи «Мерседес Бенс», зани 54-солаи сокини ноҳияи Варзоб ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба ҳалокат расидаанд. Ронандаи автомашинаи тамғаи «Хова» (Дулан), марди 44-солаи сокини ноҳияи Варзоб ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin