Вокуниш: боздошти гумонбари авбошӣ

Вокуниш: боздошти гумонбари авбошӣ

  Аз ҷониби кормандони милитсия пойтахт муроҷиати як нафар сокини шаҳри Душанбе, оид ба мавриди лату куб қарор гирифтанаш ва хабари вобаста ба ин ҳодиса дар сомонаҳои интернетӣ нашр гардида, мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Дар натиҷа, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур шаҳрванд Афзалшоҳи Н. санаи таваллудаш 02.04.1996, сокини шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.
  Зимни санҷиш муайян гардид, қи санаи 03.07.2023, тахминан соати 19:30 дақиқа, шаҳрванд Афзалшоҳи Н. ки ҳамчун мусофир бо автомашинаи мусофиркашони тамғаи «Опел Астра» рақамҳои қайди давлатиаш 7779НН07, аз кӯчаи Садриддин Айнӣ ба самти кӯчаи Назаршоев харакат мекард, бо муроҷиаткунанда, ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус 470» шаҳрванд Одилов Д., барои халалдор намудани ҳаракати воситаи нақлиёт бо ҳамдигар муноқиша намудаанд.
  Дар натиҷа дастгиршуда Афзалшохи Н. шаҳрванд Одилов Д.-ро мавриди латукуб қарор дода, ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin