• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҷаримабандии хазиначӣ ва корманди нуқтаи фурӯши сузишворӣ
Ҷаримабандии хазиначӣ ва корманди нуқтаи фурӯши сузишворӣ

Ҷаримабандии хазиначӣ ва корманди нуқтаи фурӯши сузишворӣ

  Дар асои навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашргардида, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт, шаҳрванд Собиров Баҳриддин Саидакбарович, санаи таваллудаш 14.11.1996, истиқоматкунандаи ноҳияи Ховалинг, корманди нуқтаи фурӯши сузишвории «Восток», воқеъ дар кӯчаи Борбади ноҳияи Фирдавсӣ ва хазиначии нуқтаи фурӯши сузишвории мазкур, Холиқова Идигул Раҳмонназаровна, санаи таваллудаш 12.07.1996, сокини шаҳри Душанбе дастгир карда шуданд.
  Зимни санҷиш муайян гардид, ки санаи 5-уми июни соли ҷорӣ, тақрибан соати 20:21 дақиқа, бо сабабҳои ночизе Собиров Баҳриддин ва Холиқова Идигул бо ҳам муноқиша намуда, бо алфози қабеҳ шаъну шарафи ҳамдигарро паст задаанд.
  Ҳамзамон навори ҳодисаи мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ нашр гардида, вокунишҳои манфии шаҳрвандонро ба миён овардааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсия нисбати Собиров Баҳриддин ва Холиқова Идигул тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади чораандешӣ ба Суди ноҳияи Фирдавсӣ ирсол карда шуд. Суд дар навбати худ нисбати ҳар кадоме аз номбурдагон ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 10-нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин намуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin