Собиқадорон – мактаби бузурги шуҷоату мардонагӣ

Собиқадорон – мактаби бузурги шуҷоату мардонагӣ

  Зимни ҷаласаи навбатии Шӯрои собиқадорони Раёсати ВКД дар Душанбе суҳбат бештар атрофи саҳми милитсияи тоҷик дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ мерафт. Ба қавли иштирокчиён, нақши кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар раванди сулҳи тоҷикон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар он солҳо нисбат ба дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бештар буд.
  Дар ин ҷаласа, ки рӯзи 23-юми июн бо иштироки доираи васеи собиқадорону нафақахӯрон доир гардид, нахуст муовини сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе полковники милисия Сайфулло Ҳабибов пас аз муаррифии меҳмонон ва пазироии ҳозирин дар бораи ҳамкориҳо бо пирони кору рӯзгор ва шароити мавҷуда барои онҳо изҳори назар кард.


  Ба андешаи мавсуф, роҳбарияти ВКД бо мақсади боло бурдани мавқею мақоми собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ва тақвияти ҳамкориҳо ба фаъолияти минбаъдаи ин сохтор таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд. дар фаъолияти ҳамарӯзаи милитсияи пойтахт низ таҷрибаи собиқадорону нафақахӯрон истифода бурда мешавад.
  Корманди шуъбаи кадр ва кор бо ҳайати шахсии раёсати мазкур подполковники милитсия Саидҷаъфар Ҳалимзода бошад, дар навбати худ хизмати милитсияро дар бартарафсозии вазъияту ҳолатҳои ногувор ва ҷонфидоиву азхудгузаштанҳои онҳоро шоистаи таҳсину офарин хонд. Бо эътимоди комил изҳор намуд, ки чун давомдиҳандаи касбу кори собиқадорон кӯшиш бар он мекунанд, ки ба боварии онҳо ва савганди ёднамудаашон содиқ монда, дар пайи иҷрои вазифаҳои хизматӣ садоқату самимиятро фаромӯш насозанд.


  Раиси Созмони собиқадорони ВКД генерал-майори мустаъфии милитсия Ҷурахонзода Саид Қаюм зимни баромади пурмуҳтавои хеш зикр кард, ки собиқадорон аз ҷумлаи ашхосе мебошанд, ки дар кадом вазифа, рутба ва мақоме, ки фаъолият накарда бошанд, вазифаю уҳдадориҳои худро аз рӯйи виҷдон ва масъулияти баланд иҷро намудаанд.
  Имрӯз халқ дар симои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ҳомии адолату бехатарӣ ва волоияти қонунро мебинад ва аз ҳар кадоми онҳо кору муносибати шоистаи замони навро интизор аст.
– Шароити нави таҳкими истиқлолият ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ аз мову шумо эҳсоси бузурги масъулият, маҳорати касбӣ, интизоми қатъӣ, иродаи қавӣ, садоқат, ватандӯстӣ, нангу номуси миллӣ, дониши мукаммал ва ниҳоят, зиракии сиёсиро тақозо мекунад, – афзуд баромадкунанда.
  Ба таъкиди С. Ҷурахонзода бо хотири сулҳу ваҳдат ҷонбозиҳои зиёде шудааст. Ҷавонони мо, умуман мардуми мо бояд бидонанд, ки сулҳу салоҳ дар ҷумҳурӣ худ ба худ ба даст наомадааст. Аз ин рӯ, ҳифзу нигоҳдории ваҳдату неъматҳои он вазифаи ҳар яки мо мебошад.


  Самти асосии фаъолияти собиқадорон ба тарбияи насли ҷавон, ҳифзи иҷтимоии собиқадорони ҷангу меҳнат, манфиатҳои ҳуқуқии онҳо, ёри расонидан ба кормандони ҷавони милитсия барои баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарастӣ ва ватандӯстӣ равона гардидааст.
  Лозим ва ёдоварист, ки Созмони собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ наслҳои гузаштаи мақомотро муттаҳид намуда, робитаи наздикро миёни кормандони ҷавон бо собиқадорони ин соҳа мустаҳкам намудааст.
  Сипас, ҳисоботи раиси Шӯрои созмони собиқадорони Раёсати ВКД дар Душанбе полковники мустаъфии милитсия Раҳматшо Неъматов шунида шуд. ӯ дар суханронии хеш гуфт, ки милитсияи тоҷик аз давраҳои таъсисёбӣ то ба имрӯз рисолати аслии хешро сарбаландона иҷро намуда, саҳифаҳои таърихи онро каҳрамониву шуҷоат ва далерию мардонагии кормандони ин сохтори бонуфуз рангин намудаанд.


  Мавсуф илова намуд, ки собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ омӯзгорони арзандаву беминнат ва таърихи зиндаи қаҳрамониву шуҷоати чанд насли ин мақомот буда, роҳнамои ҷавонон дар ҳар як кору пайкори ин касби пурмасъулият ва пурифтихор мебошанд.
  Дар идомаи ҷаласа чанд нафар ба сухан баромада, дар бораи кору фаъолият ва шароити рӯзгори собиқадорону нафақахӯрон ибрози андеша намуданд.

Наврӯз ҶОБИРОВ
Сироҷиддин ШУКУРӢ

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin