Хабар оид ба ҳодисаи нақлиётӣ

Хабар оид ба ҳодисаи нақлиётӣ

  21-уми июни соли 2023, тахминан соати 16:20-дақиқа, Ҳабибзода Орзубек Мамашариф, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи А.Дониш, хонаи 15, бозраси давлатии автомобилии Шуъбаи назорати техникии Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, рутбаи низомиаш “майори милитсия”, якҷоя бо ҳамроҳии Султонов Суҳроб Рустамович, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Душанбе, ба самти кӯчаи Н.Ганҷавӣ ба автомашинаи нақлиёти сабукрави тамғаи “БМВ Х5”, соли бароришаш 2015, рақами қайди давлатиаш 111 WA 01 нишаста, ҳаракат кардаанд.
  Тахминан соати 17:20-дақиқа, ҳангоми аз ҷониби Ҳабибзода О.М., бо автомашинаи мазкур бо суръати зиёда аз 100 км/соат дар роҳи автомобилгарди кӯчаи Н.Ганҷавии пойтахт аз самти кӯчаи Сомон ба самти кӯчаи Карамов ҳаракат кардан дар рӯбарӯи бинои тарабхонаи “Чаманоро”, муқобили самти ҳаракат баромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, рақами қайди давлатиаш 3177 МВ 01, таҳти идораи шаҳрванд Забиров Юсуф Нарзуллоевич, ки аз самти кӯчаи Карамов ба самти кӯчаи Сомонӣ ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
  Дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ мусофириавтомашинаи тамғаи “БМВ Х5”, Султонов С.Р., ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” Забиров Ю.Н., соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Душанбе ва мусофирони дохили автомашинаи ӯ Шарипов Нозим Мирзоевич, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Душанбе, дар ҷои ҳодиса ва Неъматуллоев Маҳмадраҳим Исматуллоевич, соли таваллудаш 1989 ва писари ноболиғаш Неъматуллоев Маҳмуд Маҳмадраҳимович, соли таваллудаш 2020, сокинони ноҳияи Рўдакӣ, аз ҷароҳатҳои бардошташуда дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.
  Оид ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Душанбе, нисбати Ҳабибзода Орзубек Мамашариф, бо моддаи 212 қисми 5 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакӣ идома дошта, нисбати гунаҳгор чораҳои қатъӣ дида мешавад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin