• Home »
  • Баромадҳо »
  • Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе
Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

  Ба арзишҳое чун Ваҳдату Истиқлолият мардуми соҳибтамаддуни тоҷик эҳтироми хосса мегузоранд. Ҳамин аст, ки ҳамасола солгарди ин ду ҷашни миллиро бо шаҳомати хосса ва омодагии ҳамаҷониба пешвоз мегиранд. Дар баробари кормандони сохторҳои дигар, ҳайати шахсии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, зимни баргузории як чорабинии тантанавӣ 26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро истиқбол гирифтанд, ки дар чорабинии мазкур сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов, Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Неъматзода Маликшо Маҳмадшо, роҳбарият ва ҳайати шахсии милитсияи пойтахт ширкат намуданд.


  Зимни суханронии худ Ҳамидзода Бароталӣ-сардори мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе таъкид намуд, ки маҳз хиради азалӣ ва талошу ҷоннисориҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони сарнавиштсоз боис гашт, ки миллати тоҷик аз вартаи ҷанги хонумонсӯз раҳоӣ ёфта, давлатдории миллии тоҷикон таъсис ёфт. Имрӯз дар фазои кишвари мо ваҳдату ҳамдилӣ ва сулҳу субот ҳукмфармост, ки аз ҳар як нафар шаҳрванд, махсусан кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаб карда мешавад, ки бо мақсади пойдор нигоҳ доштани ин неъмати бебаҳо ба савганди хеш содиқ монда, тамоми донишу малакаи касбии худро сарф намоянд.


  Дар ҷараёни ҳамоиши мазкур, Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, доир ба талошу заҳматҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, устуворгардонии сохтор ва рушди марҳилаҳои давлатдории миллии тоҷикон бо зикри ҳодисаҳои воқеӣ андешаронӣ намуд. Мавсуф зикр намуд, ки Ваҳдати миллӣ барои бақо ва пойдории истиқлоли давлатии мо чун ҷавшан хизмат намудааст. Аз ин рӯ нигоҳ доштани ин ду неъмати воло барои мо вазифаи муҳиму ҳаётӣ ва амри зарурист.


  Чуноне зикр гардид, дар замони сахту душвор дар баробари кормандони сохторҳои дигари ҳифзи ҳуқуқ кормандони мақомоти корҳои дохилии пойтахт низ дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ ва ошкорсозии ҷинояткорӣ, таҳкими пояҳои давлатдориву ба даст овардани Ваҳдати миллӣ нақши муҳим бозидаанд. Гуфта шуд, ки милитсияи пойтахт ҳамеша дар пайи таъмини амнияту субот ва ҳифзи арзишҳои давлатдорӣ ҳамаи имкониятҳои мавҷудаи худро истифода менамояд, то ки сокинону меҳмонони пойтахт ҳамеша бо эҳсоси амну оромӣ кору фаъолият ва зиндагӣ намоянд.
  Дар қисмати охири чорабинии мазкур бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ як қатор кормандони милитсияи пойтахт ба рутбаҳои навбатӣ сарфароз гардонида шуданд.

Сироҷиддин Шукурӣ, капитани милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin