Тафсилоти садама: ронандаи «БМВ» рақамҳои бегонаро насб намудааст
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе оид ба садамаи нақлиётӣ, ки дар натиҷаи он 4-нафар ба ҳалокат расид, ба таври иловагӣ ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки дар асл тибқи ҳуҷҷатҳои ба расмиятдаровардашуда, рақамҳои қайди давлатии автомашинаи тамғаи «БМВ», С0496 j07 мебошад. Аммо ронандаи автомашинаи мазкур рақамҳои қайди давлатии бегона, яъне 111WА01, ки ба автомашинаи тамғаи «Тайота-Авалона» ҳуҷҷатгузорӣ карда шудааст, насб намудааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ»-Ҳабибзода Орзӯ аз ҷониби кормандони милитсия маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Прокуратура тибқи моддаи дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Зимни тафтишот сабабу омилҳои сар задани садама, аз ҷумла, суръати ҳаракат, баромадан ба самти муқобил ва дигар омилҳое, ки боиси садама гардидаанд, муайян карда хоҳад шуд.






























