Сухтор дар МТМУ №71-и ноҳияи Шоҳмансур

Сухтор дар МТМУ №71-и ноҳияи Шоҳмансур

  22-юми июни соли 2023, тахминан соати 22:15-дақиқа, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №71-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омад. Бо мақсади пурра хомӯш намудани алангаи оташ аз ҳисоби ҷузъу томи мақомоти милитсияи пойтахт ва оташнишонӣ ҳайати шахсӣ ва нақлиёти оташнишонӣ сафарбар карда шуданд.
  Дар натиҷа, сӯхтор дар масоҳати 1500 метри мураббаъ пурра хомӯш карда шуд.
  Тибқи санҷишҳои пешакӣ сӯхтор дар натиҷаи оташ гирифтани дастгоҳи ҳавосардкунак (кондитсионер), ки дар ошёнаи дуюми муассисаи мазкур, дар толори маҷлисгоҳ насб карда шудааст, ба миён омадааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, сабабу омилҳо ва зарари он пурра муайян карда мешавад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin