• Home »
  • ХАБАР »
  • Санҷиши навор: пешсудшуда боз тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудааст
Санҷиши навор: пешсудшуда боз тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудааст

Санҷиши навор: пешсудшуда боз тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудааст

  Санаи 7-уми июни соли ҷорӣ дар як қатор шабакаҳои ичтимоӣ наворе нашр гардид, ки сокинони кӯчаи Н.Махсуми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз бадрафтории шарванд Қурбонзода Фарангиси Шакарҷон, санаи таваллудаш 27.07.1990 шикоят намуда, аз мақомоти милитсия дархост намудаанд, ки нисбати номбурда чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.
  Вобаста ба ин Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе расман ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки қаблан нисбати Қурбонзода Фарангис аз ҷониби кормандони милитсия барои содир намудани ҷинояти авбошӣ, тибқи талаботи моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, пурра мавриди тафтиш қарор гирифтааст. Баъд аз анҷоми тафтишот, санаи 17-уми феврали соли 2023, парвандаи ҷиноятии мазкур дар маҷлиси кушоди сайёри судӣ дар кӯчаи Н.Махсум ва дар бинои суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мавриди муҳокима қарор дода шуда, бо ҳукми Суди ноҳияи Сино нисбати номбурда ҷарима ба андозаи 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда шудааст.
  Чуноне мушоҳидаҳо нишон медиҳанд номбурда ба амалу кирдорҳои ҷиноятии худ хотима набахшида, пайваста оромии шаҳрвандону сокинони кӯчаи Н.Махсумро халалдор месохтааст.
  Вобаста ба ин айни замон нисбати Қурбонзода Фарангис барои пайи ҳам вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin