Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 38-солаи сокини шаҳри Ҳисор муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли 2022, марди 44-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 83 ҳазор доллари амрикоӣ барои сохтмон гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати наздик бармегардонад, аммо ба ваъдааш наистода маблағҳоро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи марди 45-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки охирҳои соли 2016 марди 60-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 15 ҳазор доллари амрикоӣ ва 5 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ бармегардонад, аммо ба ваъдааш наистода, фиреб карда гаштааст.
Ҳамин тариқ, дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, соли 2016 ҳангоми дар давлати Лаҳистон таҳсил карданаш бо марди 32-солаи сокини пойтахт шиносоӣ пайдо намуда, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромадааст ва марди 32-сола дар давоми солҳои 2018 – 2019 дар якчанд марҳила тавассути зани 54-солаи сокини ш.Душанбе ба ӯ маблағи 140.700 доллари амрикоӣ барои харидорӣ кардани воситаҳои нақлиёти гуногун ирсол мекунад.
Гумонбаршаванда аз ин фурсат истифода бурда, маблағҳои пулиро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, бо пурсишу талаботҳои чандинмаротибаи ҷабрдида танҳо 1-адад автомашинаи тамғаи «Лексус»-ро бо арзиши 13 ҳазор доллари амрикоӣ ирсол карда ва 45 ҳазор доллари амрикоиро дода, боқимонда маблағҳои пулиро барнагардонидааст.
Зарари расонидашуда 82 ҳазору 700 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.






























