Корманди БДА, оташро хомӯш ва аз оқибатҳои фалокатбор пешгирӣ намуд

Корманди БДА, оташро хомӯш ва аз оқибатҳои фалокатбор пешгирӣ намуд

  Кормандони мақомоти милитсия дар баробари мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳамзамон дар фаъолияти ҳамарӯзаи кории худ бо мушоҳидаи ҳама гуна ҳодисаҳои нохуш кумаки беғаразонаи худро ба шаҳрвандон мерасонанд. Аз ҷумла, корманди Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, лейтенанти калони милитсия Раҷабов Аъзам Умархонович алангаи оташи воситаи нақлиётро хомӯш намуда, аз оқибатҳои фалокатбор пешгирӣ намуд.


  Қобили зикр аст, ки вақтҳои охир аз сабаби ниҳоят гарм шудани ҳаво, оташ гирифтани баъзе аз воситаҳои нақлиёт ба мушоҳида мерасанд.
  Аз ҷумла, санаи 23-юми июни соли 2023, тахминан соати 19:00 дақиқа, лейтенанти калони милитсия, Раҷабов Аъзам Умархонович, ки тавассути воситаи нақлиёти худ бо кӯчаи Нисор Муҳаммад ҳаракат дошт, мушоҳида менамояд, ки воситаи нақлиёти тамғаи «Хундай Саната», рақамҳои қайди давлатиаш 8202ВВ01, ки бо кӯчаи мазкур ҳаракат дошт, оташ гирифтааст. Аммо, ронандаи автомашинаи мазкур ба ҳаракати воситаи нақлиёти худ идома дода, аз оташ гирифтани автомашинаи худ хабар надорад.
  Корманди бозрасӣ бо мушоҳидаи ин ҳолат пеш аз ҳама қарзи шаҳрвандии худро иҷро намуда, воситаи нақлиёти мазкурро боздошта, бо истифода аз дастгоҳҳои сухторхомушкунӣ ва кӯмаки шаҳрвандон алангаи оташро дарҳол хомӯш намуда, ронанда ва модару ду кӯдаки хурдсоли ӯро аз коми оташ ва оқибатҳои фоҷеабор наҷот дод.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin