• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздошти амак барои латукӯби бераҳмонаи фарзанди бародари худ
Боздошти амак барои латукӯби бераҳмонаи фарзанди бародари худ

Боздошти амак барои латукӯби бераҳмонаи фарзанди бародари худ

  Латукӯбу шиканҷа ва озору уқубати наврасон, амали ношоиставу ғайриинсониест, ки мутаассифона аз ҷониби баъзе аз калонсолон раво дида мешавад. Чунин муносибати ғайриинсонӣ дар замири наврасон хусумату бадбинӣ ва рӯҳафтодагиро замина мегузорад.
  Дар натиҷаи санҷиши навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашргардида, аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Аламов Ширин Арабович, санаи таваллудаш 15.12.1981, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи П.Сулаймонӣ дастгир карда шуд.


  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки санаи 10-уми июни соли ҷорӣ, тахминан соати 18:00 дақиқа, шаҳрванд Аламов Ширин дар маҳаллаи Сомон-2 ноҳияи Фирдавсӣ, писари ноболиғи бародари худро мавриди латукӯб қарор додааст. Қобили зикр аст, ки бародари номбурда, ки айни замон дар хориҷи кишвар қарор дорад, аз ҳамсари худ ҷудо шуда, ду фарзанди ноболиғи ӯ зери тарбияи волидайнаш қарор доранд.
  Навори латукӯби кӯдак дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ нашр гардида, мавриди вокунишҳои шадиди шаҳрвандон қарор гирифт.
  Вобаста ба ҳолати мазкур, айни замон шаҳрванд Аламов Ширин дастгир карда шуда, бо мақсади пурра муайян намудани сабабу омилҳои мавриди латукӯб қарор гирифтани кӯдаки хурдсол ва оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin