• Home »
  • ХАБАР »
  • Таҳқиқи навори оташ гирифтани хонандаи мактаб
Таҳқиқи навори оташ гирифтани хонандаи мактаб

Таҳқиқи навори оташ гирифтани хонандаи мактаб

  Аз ҷониби кормандони милитсия навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, мавриди санҷиш қарор дода шуд. Дар натиҷа муайян гардид, ки ҳодисаи мазкур санаи 6-уми майи соли ҷорӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 67 ноҳияи Сино рух додааст.
  Қобили зикр аст, ки дар асоси нақша, дар муассисаи мазкур машқҳои мудофиаи гражданӣ ва омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда гузаронида шудааст. Дар натиҷа аз ҷониби масъулин қоидаҳои бехатарӣ риоя карда намешавад, ки зимни оташсузӣ пушти бадани хонандаи синфи 10-уми муассисаи мазкур оташ гирифта, ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур, айни замон аз ҷониби кормандони милитсия маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin