Таҳқиқи навори «лату кӯби» ҷавони маъюб

Таҳқиқи навори «лату кӯби» ҷавони маъюб

  Аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе дар асоси навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес”, рақамҳои қайди давлатиаш 0020WL01, шаҳрванд Расулов Камолиддин Абдуҷабборович, санаи таваллудаш 13.05.1978, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Яккатут дастгир карда шуда, ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд.


  Зимни санҷиш муайян гардид, ки ҳодисаи мазкур санаи 10-уми майи соли ҷорӣ, тақрибан соати 17:30 дақиқа, дар кӯчаи Яккатут рух додааст.
  Чуноне аз навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида ва пурсиши шоҳидони ҳодиса ошкор гардид, зимни идораи воситаи нақлиёт дар кӯчаи мазкур, писари ноболиғи номбурда, дари автомашинаро кушодааст, ки дар натиҷа ба ҷавони зоҳиран маъюб, ки дар роҳи мошингард ба фурӯши ширинӣ машғул буд, бархурдааст. Ҳамзамон пас аз эрод гирифтани ҷабрдида, писари ноболиғи шаҳрванд Расулов Камолиддин аз автомашина фаромада, ӯро аз назди воситаи нақлиёт дур сохтааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур, аз ҷониби кормандони милитсия маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ, ба Суд ирсол карда шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin