Тамошои Осорхонаи миллӣ

Тамошои Осорхонаи миллӣ

  Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, дар доираи нақша-чорабиниҳои тасдиқ намудаи роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт аз Осорхонаи миллӣ ва лавҳаи «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст», ки бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба ба намоиш гузошта шудааст, дидан намуданд.


  Лавҳаи мазкур далериву шуҷоатмандӣ ва корнамоиву қаҳрамониҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузарги Ватаниро дар бар гирифтааст. Дар гӯшае расми 54 нафар иштирокчиёни ҷанг, ки аз Тоҷикистон сафарбар гардида, унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравиро дар Ҷанги бузурги Ватанӣ ба даст овардаанд, ба намоиш гузошта шудааст, ки мардонагиву далерии ҳар яке аз онҳо барои насли ҷавони имрӯз омӯзандаву қобили ибрат аст. Воқеан, мардонагиву далерии ҳар як нафар иштирокчиёни ин ҷанг ва саҳми онҳо барои ба даст овардани ғалаба ва таъмини сулҳу субот ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.


  Дар гӯшаи дигаре, намунаи силоҳҳои ҷангӣ, медалу орденҳо, мактубу ҳуҷҷатҳо ва тасвирҳои мондагоре ба намоиш гузошта шудаанд, ки ҳар яке аз онҳо таърихи ба худ хос дошта, аз рӯзҳои даҳшатбори ҷанг қисса намуда, инсониятро ба дӯстиву рафоқат ва нигоҳ доштани тинҷиву оромӣ талқин месозанд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin