• Home »
  • ХАБАР »
  • Риояи одоби шаҳрнишинӣ барои ҳар як нафар ҳатмист!
Риояи одоби шаҳрнишинӣ барои ҳар як нафар ҳатмист!

Риояи одоби шаҳрнишинӣ барои ҳар як нафар ҳатмист!

  Риояи одоби шаҳрнишинӣ ва ободу зебо гардонидани муҳити атроф аз фарҳангу маданият ва ҷаҳонбинии ҳар як нафар вобастагии калон дорад. Мутаассифона, баъзе аз сокинони биноҳои баландошёна оддитарин одобро риоя накарда, партовҳои маишии худро дар ҷойҳои номуайяншуда партофта, муҳити атрофро ғализ мегардонанд.
  Дар асоси муроҷиати сокинони биноҳои баландошёнаи кӯчаи Испечак, аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ва кормандони милитсия, бо мақсади таъмини нуқтаи иловагии партовгоҳ ва пешгирии ҳолатҳои дар ҷойҳои номуайянгардида гузоштани партовҳои маишӣ, гурӯҳи корӣ созмон дода шуда, мушкилоти сокинон бартараф ва ба таври иловагӣ нуқтаи партовгоҳ ба зудӣ таъмин карда хоҳад шуд.
  Ҳамзамон, дар доираи муроҷиати шаҳрвандон, барои дар ҷойи номуайяншуда гузоштани партов ва вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, шаҳрванд Хоҷаев Зиёдулло Музаффарович, санаи таваллудаш 02.07.1994, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе ноҳияи Сино боздошт гардид. Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда санаи 10-уми май, тақрибан соати 18:30 дақиқа дар 7-адад борхалта партовҳоро қасдан ба назди бинои баландошёнаи кӯчаи Испечак М10 оварда гузоштааст. Ҳамзамон ҳолати мазкур дар камераҳои назоратии атрофи бино ба тасвир афтода, исботи амалҳои нодурусти номбурда ба шумор меравад.


  Сипас, номбурда бо мақсади гуё муроҷиат ба мардум ва саҳм гузоштан ба тозагиву ободӣ партовҳои атрофро ба навор гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст, ки боиси нодуруст тасвир ёфтани ҳолати воқеӣ гардидааст.
  Шаҳрвандон бо мушоҳидаи он ки худи Хоҷаев Зиёдулло партовҳоро оварда гузоштааст, ба ин амали ӯ эрод гирифтаанд, вале номбурда бо шаҳрвандон дағалона рафтор намуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардааст.


  Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати Хоҷаев Зиёдулло маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ ба Суди ноҳияи Сино ирсол карда шуд. Суд дар навбати худ нисбати Хоҷаев Зиёдулло тибқи талаботи моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7 шабонарӯз таъин намуд.
  Бо назардошти ҳолати мазкур таъкид намудан зарур аст, ки воқеан тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф аз ҳар як шаҳрванд вобастагии калон дорад. Ҳар як нафар пеш аз ҳама бояд амалу рафтори худро ислоҳ намуда, дар ободкориву созандагӣ намунаи ибрати дигарон бошад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin