Ошкор гардидани силсилақаллобиҳо

Ошкор гардидани силсилақаллобиҳо

  Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 39-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2020, марди 37-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, барои тиҷорат аз ӯ 750 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда доддааст, ки дар муддати кутоҳ маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол маблағҳои гирифтаашро барнагардонидааст.
  Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд.
  Номбурда, моҳи феврали соли 2021, дар назди беморхонаи Қарияи Боло бо роҳи фиреб ба боварии марди 56 ва бародараш, марди 53-солаи сокинони ноҳияи Восеъ, даромада аз онҳо 238 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе ба онҳо 6,5-сотих замини назди ҳавлигӣ ҷудо карда медиҳад, аммо номбурда маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
  Ҳамзамон, номбурда такроран моҳи майи соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 55-солаи сокини ноҳияи Лахш даромада, аз ӯ 136 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки бар ивазаш 1-адад автомашинаи тамғаи «Лексус РХ-350»-ро оварда медиҳад, аммо то ҳол автомашинаи мазкурро надода маблағҳои ба дастовардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
  Оид ба ҳолатҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin