Боздошти ронандаи таксӣ барои ишораҳои ғайриахлоқӣ

Боздошти ронандаи таксӣ барои ишораҳои ғайриахлоқӣ

  Дар асоси муроҷиати як нафар шаҳрванд, аз ҷониби кормандони милитсия ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай Солярес”‘, рақамҳои қайди давлатиаш 9058ТТ05, шаҳрванд Розиқов Қадриддин Исломиддинович, санаи таваллудаш 24.05.1999, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе маҳалли Ховарон боздошт карда шуд.
  Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда ҳамчун ронандаи мусофиркашон дар ширкати “Сафар Ориён” фаъолият намуда, санаи 9-уми май, тақрибан соати 09:45 дақиқа дар кӯчаи М.Мирзобеков, ҳангоми ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул гардидан, ба як нафар ронандаи зан монеагӣ эҷод намуда, ҳамзамон бо алфози қабеҳ ва ишораҳои ғайриахлоқӣ шаъну шарафи ӯро паст задааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсия нисбати ронанда-Розиқов Қадриддин бо мақсади андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ маводҳои зарурӣ тартиб дода, ба Суд ирсол карда шудааст.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin