Аёдати иштирокчии Ҷанги бузурги Ватанӣ

Аёдати иштирокчии Ҷанги бузурги Ватанӣ

  Аёдати собиқадорон ва иштирокчиёни ҷангу ақибгоҳ ва аз таҷрибаи бою рангини онҳо баҳри ташаккули фаъолияти хизматӣ истифода бурдан, амали оқилонаву кори хайрест, ки пайваста Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамагонро талқин мекунанд.


  Рӯзи 8-уми май ба муносибати 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва раиси Шӯрои собиқадорони ВКД, генерал-майори мустаъфӣ, Ҷурахонзода Сайид Қаюм, иштиркчии 97-солаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ Сафаров Мадулло ва собиқадори милитсия Қурбонро аёдат намуда, паёми шодбошии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилиро расониданд.
Таъкид гардид, ки дар хомӯш кардани оташи ҷанги хонумонсӯз ва наҷоти инсоният саҳми Сафаров Мадулло ва ҳамяроқони ӯ, ҷавонони матиниродаи солҳои 40-уми қарни гузашта бузург ва бесобиқа аст. Маҳз ҷасорат ва ҳисси баланди ватандӯстии онҳо буд, ки якпорчагии Ватан ҳифз ва ояндаи ободу осоишта таъмин гардид.
  Собиқадори ҷанг барои кӯмаку таваҷҷӯҳ ва ғамхории пайваста ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ изҳори миннатдорӣ намуд.


  Мавриди зикр аст, ки собиқадори милитсия Латипов Қурбон, солҳои тулонӣ дар вазифаҳои пурмасъули мақомоти милитсия фаъолият намуда, ҷиҳати таъмини волоияти қонуну тартибот, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб ва ҳифзи молу мулки шаҳрвандон саҳми арзишманди худро гузоштааст. Далериву шуҷоат ва таҷрибаву малакаи баланди касбии номбурда барои насли ҷавони мақомоти милитсия мактаби бузурги ҷавонмардист.
  Воқеан бо гузашти солҳо арзиши таҷлили Рӯзи Ғалаба то рафт афзун гардида, инсониятро бори дигар ҳушдор медиҳад, ки ҳар лаҳза ба қадри сулҳу субот расида, онро ҳифз намоянд. Зеро, қимматтарин сармоя барои рушду такомули инсоният, пеш аз ҳама тинҷиву оромист.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin