Садамаи нақлиётӣ

Садамаи нақлиётӣ

  Снаи 22.04.2023, тахминан соати 21:10 дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота Кемрӣ” рақамҳои қайди давлатиаш 0005SK01, Тураев Абубакр Ҳасанович, санаи таваллудаш 12.11.2003, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Шероз ба самти кӯчаи Сомонӣ, дар рӯ ба рӯи варзишгоҳи марказӣ ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел- Вектра”, рақамҳои қайди давлатиаш 3940МО01 таҳти идораи Шарифзода Парвиз Асрор, санаи таваллудаш 27.07.1993, ки бо роҳи худ ҳаракат дошт, бархурдааст. 

  Дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ ду нафар ба ҳалокат расида, чор нафари дигар бо бардоштани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.

  Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin