Оқибати дағалгуфторӣ дар интернет

Оқибати дағалгуфторӣ дар интернет

  Дар натиҷаи пешрафту тараққиёти рӯзафзуни технологияҳои иттилоотӣ, истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ низ афзун гаштааст. Дар ин замина шаҳрвандонро мебояд дар баробари мақсадноку оқилона истифода намудани шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамзамон дар хотир дошта бошанд, ки ҳар навору матни нашр намуда метавонад боиси ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани онҳо гардад.
  Гарчанде қаблан чандин маротиба аз ҷониби кормандони милитсия нафароне, ки бо мақсади зиёд намудани обуначиёни худ тавассути интернет наворҳои ғайриахлоқӣ паҳн мекарданд ба ҷавобгарӣ ҷалб гардида бошанд, ҳам вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд ҳанӯз бархе аз истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ даст ба чунин амали номатлуб мезананд.
  Дар натиҷаи баррасии шикоятҳои шаҳрвандон, аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Алиева Моҳира Абдуллоевна, санаи таваллудаш 22.03.2000, зодаи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, деҳаи Тагоб, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Бухоро дастгир карда шуд.


  Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда ба таври ҳамешагӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо алфози қабеҳ навор паҳн намуда, боиси коста гардидани ахлоқи ҷомеа мегардад.
  Гарчанде қаблан чандин маротиба барои чунин амалҳои ғайриахлоқӣ ва паҳн намудани наворҳои дорои алфози қабеҳ огоҳонида шуда бошад ҳам вале ин амали худро идома додаст, ки ин навбат боиси ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани номбурда гардид.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Алиева Моҳира барои итоат накардан ба талаботи қонунии кормандони милитсия тибқи талаботи моддаи 479 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати чораҷӯӣ ба Суди ноҳияи Шоҳмансур ирсол карда шуд. Суд дар навбати худ нисбати номбурда ҷазо дар намудани ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз татбиқ намуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin