• Home »
  • Баромадҳо »
  • Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо кормандони милитсия пойтахт
Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо кормандони милитсия пойтахт

Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо кормандони милитсия пойтахт

  1 марти соли 2023 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз Маҳкамаи нигаҳдории муваққатӣ ва Баталиони хизмати дидбонию пайраҳадории милитсияи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе боздид ба амал овард.
  Зимни боздид Вазири корҳои дохилӣ аз рафти корҳои ободонию созандагӣ дар Маҳкамаи нигаҳдории муваққатӣ шиносоӣ пайдо намуда, ҳамзамон бо ҳайати шахсии он вохӯрӣ доир намуд.


  Қобили зикр аст, ки дар доираи иқдомҳои созандагиву бунёдкорӣ бинои Маҳкамаи нигаҳдории муваққатӣ пурра таъмир карда шуда, ҳамзамон бо шинонидани гулу дарахтони ороишӣ ва насби шиору овезаҳо як гӯшаи пойтахти кишвар ободу зебо гардонида шуд.
  Ҳамзамон пас аз шиносоӣ ва суҳбат бо кормандони ин ниҳод Вазири корҳои дохилӣ аз шароити хизматбарӣ дар Баталиони хизмати дидбонию пайраҳадории милитсия ва нақлиётҳои хизматии Баталиони мазкур, ки дар саҳни бино гузошта шуда буданд, дидан кард.


  Иттилоъ дода шуд, ки милитсионерони Баталиони мазкур ба таври шабонарӯзӣ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ба хизмати патрулӣ сафарбар карда шуда, ҷиҳати пешгирии қонуншиканӣ ва амалу кирдорҳои номатлуб саҳми худро мегузоранд.
  Вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати такмил додани донишҳои назариявӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии кормандони милитсия ба масъулин як қатор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Сироҷиддин Шукурӣ, капитани милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin