Таҷлили «Рӯзи Модар» дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Таҷлили «Рӯзи Модар» дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

  Ба муносибати таҷлили «Рӯзи Модар» имрӯз дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе чорабинии тантанавӣ доир гардид. Дар чорабинии мазкур сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов, корманд-занони мақомоти милитсияи пойтахт, собиқадорон ва ҳайати шахсии мақомоти милитсия ширкат намуданд.


  Чорабинии мазкур бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардид. Нахуст сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов фаъолбонувони милитсияи пойтахт ва занони собиқадори мақомоти корҳои дохилиро ба муносибати «Рӯзи Модар» табрик намуда, доир ба ғамхориву таваҷҷӯҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нисбат ба баланд бардоштани мақому мартабаи занону модарон дар ҷомеа изҳори назар намуд.
  Зикр гардид, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастгирии давлатии занон ва ташаббусҳои созандаи онҳо диққати махсус равона гардида, пайваста кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки ин нерӯи созанда ва қишри фаъоли ҷомеа ба рушди устувори мамлакат сафарбар карда шаванд. Ин аст, ки сол то сол мақому мартабаи занону модарон дар ҷомеа баланд гардида, дар сохторҳои гуногуни мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сафи занони далеру шуҷоъ афзоиш ёфта, ҷиҳати таъмини волоияти қонун ва ҳифзи суботу оромии кишвар, кору фаъолият намуда истодаанд.


  Дар идомаи чорабинии мазкур, ҳамзамон муовини сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, полковники милитсия Ҳабибов Сайфулло Абдуллоевич, раиси шӯрои занони милитсияи пойтахт, подполковники милитсия Бадриддинзода Муниза ва собиқадорону дигар иштирокчиён низ суханронӣ намуда, қудрату манзалати зан-модарро ситоиш намуданд.
  Таъкид гардид, ки дар мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе бонувон дар вазифаҳои гуногуни пурмасъулият кору фаъолият намуда, дар таъмини тартиботи ҷамъияти ва сулҳу оромии кишвар саҳми арзишманди худро мегузоранд.
  Ҳамин тавр, дар қисмати дигари чорабинии мазкур аз ҷониби роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе зиёда аз 130-нафар корманд-занони милитсияи шаҳри Душанбе ва собиқадорон бо Ифтихорномаву Сипоснома ва мукофотпулиҳо қадршиносӣ карда шуданд.

Сироҷиддин Шукурӣ, капитани милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin