Ошкорсозии як чанд далели бо садои гушхарош идора намудани воситаи нақлиёт

Ошкорсозии як чанд далели бо садои гушхарош идора намудани воситаи нақлиёт

  Чуноне мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, вақтҳои охир баъзе аз ронандагон дар воситаи нақлиёти худ асбобҳои ғайристандартии садодиҳанда насб намуда, бо садои баланди гушхарош оромии шаҳрвандонро халалдор месозанд. Мутаассифона аксарияти чунин ронандагонро ҷавонон ташкил дода, танҳо бо мақсади худнамоӣ даст ба чунин қоидавайронкунии дағали ҳаракат дар роҳ задаанд.
  Бо мақсади ошкор ва пешгирӣ намудани ин омили номатлуб, аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе санаи 30-юми марти соли ҷорӣ чорабинии мақсаднок роҳандозӣ гардид. Зимни амалиёти мазкур як қатор ронандагоне, ки дар роҳҳои мошигарди пойтахт, махсусан шоҳроҳи марказӣ-хиёбони Рӯдакӣ дар вақти шабона нақлиёти худро бо садои баланди гушхарош идора намуда, бо чунин қоидавайронкунии дағал оромии шаҳрвандонро халалдор месохтанд, боздошт гардиданд.
Аз ҷумла:
Шамсуллоев Маҳмадрофеъ Иззатуллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», рақамҳои қайди давлатиаш 0003VP01;


Шокиров Маҳмудҷон Раҳматуллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», рақамҳои қайди давлатиаш 3773АУ01;


Ғафуров Ифтихор Шарифович – ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», рақамҳои қайди давлатиаш 0333WW03;

Ҷамолов Беҳрӯз – ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», рақамҳои қайди давлатиаш 07070QZ01;


боздошт ва ба ҷаримагоҳи муваққатии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуда, нисбаташон тибқи талаботи моддаи 316 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон проколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.
  Ҳамзамон зимни баргузории амалиёти мазкур, аз ҷониби кормандони бозрасӣ, автомашинаи тамғаи «БМВ», рақамҳои қайди давлатиаш 0018ОР01, таҳти идораи Сафаров Хушбахт Аскарович боздошт гардид. Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда бар хилофи талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ амал намуда, дар нақлиёти худ асбобҳои махсуси равшанидиҳанда (мигалка) ва рақами қафои воситаи нақлиётро дар шакли «001ВОР01» дигаргун намуда, дар автомашинаи худ насб ва мавриди истифодабарӣ қарор додааст.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ронанда-Сафаров Хушбахт тибқи талаботи моддаҳои 314 ва 316 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон проколи маъмурӣ тартиб дода шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin