Ифшо шудани қаллобӣ вобаста ба хариду фурӯши автомашина
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 12-уми декабри соли 2022, ҳангоми дар МС «Сиёма Молл» қарор доштанаш, марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Лексус ҶС-350», ки аризишаш 250 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, гирифта ваъда додааст, ки дар муддати кутоҳ маблағашро бармегардонад, аммо ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.






























