• Home »
  • БДА ХАБАР МЕДИҲАД »
  • Бо гузашти 2-соат: ҷавоне, ки маҷбурӣ ба автомашина ҷавондухтареро савор мекард, боздошт гардид!
Бо гузашти 2-соат: ҷавоне, ки маҷбурӣ ба автомашина ҷавондухтареро савор мекард, боздошт гардид!

Бо гузашти 2-соат: ҷавоне, ки маҷбурӣ ба автомашина ҷавондухтареро савор мекард, боздошт гардид!

  Санаи 9-уми марти соли ҷорӣ, дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки як нафар ҷавон тариқи маҷбурӣ ҷавондухтареро ба автомашинаи тамғаи «Лада Приора», рақамҳои қайди давлатиаш 0060UO01, савор мекунад.
  Кормандони мақомоти милитсияи пойтахт, дар натиҷаи гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, бо гузашти ҳамагӣ чанд соат ҷавони дар навор инъикосёфтаро дастгир намуда, ба мақомоти милитсия дастрас намуданд.
  Дар натиҷа муайян гардид, ки ронандаи воситаи нақлиёти мазкур, шаҳрванд Содиқов Аминҷон Ҷумахонович, санаи таваллудаш 01.01.1995, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ буда, он ҷавондухтаре, ки дар навор инъикос ёфтааст, ҳамсараш мебошад.


  Зимни пурсиш муайян карда шуд, ки номбурда санаи 9-уми март, тахминан соатҳои 16:00 дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Камонгарон назди Коллеҷи тиббии Ҷумҳуриявӣ қарор доштан, бо сабабҳои ночизе бо ҳамсараш муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати дастгиршуда Содиқов Аминҷон маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, барои қабули қарори қонунӣ ба Суди ноҳияи Сино ирсол карда шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin