Боздошт гардидани гурӯҳи роҳзанон

Боздошт гардидани гурӯҳи роҳзанон

  Зимни баргузор намудани чорабиниҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаҳои 252 ва 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир карда шуд.
  Номбурда, 13-уми августи соли 2018, бо ҳамроҳии рафиқонаш, мардони 26 ва 29-солаи сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Варзоб, бо маслиҳати пешакӣ бо мақсади роҳзанӣ, тахминан соати 23:00, дар роҳи мошингарди кӯчаи Н.Махсуми пойтахт марди 40-солаи сокини ноҳияи Айниро дар автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» савор намуда, корди дар дасташон бударо ба гулӯи ҷабрдида гузошта, таҳдиди куштан карда, аз ӯ 470 сомонӣ ва 2-адад телефони мобилии тамғаи «Алкател-5»-ро гирифтаанд.
  Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 249 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin