• Home »
  • Баромадҳо »
  • Анҷумани «Дружиначиёни ихтиёрӣ» ва «Кормандони ғайриштатии милитсия»-и шаҳри Душанбе
Анҷумани «Дружиначиёни ихтиёрӣ» ва «Кормандони ғайриштатии милитсия»-и шаҳри Душанбе

Анҷумани «Дружиначиёни ихтиёрӣ» ва «Кормандони ғайриштатии милитсия»-и шаҳри Душанбе

  Имрӯз, 2-юми март дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев Анҷумани «Дружиначиёни ихтиёрӣ» ва «Кормандони ғайриштатии милитсия»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар анҷуман сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед Авзал, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия, полковники милитсия Ҳамдамзода Валихон, муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Ҳотамзода Сайдаҳтам Саидмукарам, муовини раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар шаҳри Душанбе Латипова Гулпарӣ, сардорони ШВКД ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт ва 1000 нафар «Дружиначиёни ихтиёрӣ» ва «Кормандони ғайриштатии милитсия” иштирок доштанд.

   Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов, оид ба фаъолияти дружиначиёни ихтиёрӣ ва кормандони ғайриштатии милитсияи шаҳри Душанбе ва саҳми онҳо дар таъмини тартиботи ҷамъиятию ошкор ва пешгирии ҷинояткорӣ, зуҳурот ва хатарҳои замони муосир, махсусан ифротгароӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву эҳсоси ватандории ҷавонон, бо слайд-тасвирҳо маърӯзаи пурмуҳтавою омӯзишӣ намуд. Мавсуф зикр намуд, ки фаъолияти мақомоти корҳои дохилиро дар таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини волоияти қонун ва арзишҳои инсонӣ бе дастгирию ҳамкории зич бо аҳолӣ, бахусус ҷавонон тасаввур намудан имконнопазир аст.

  Робитаю ҳамкориҳои судманд бо аҳолӣ, иштироки ихтиёрии шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, яке аз омилҳои асосии пешрафти кору фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ мебошад. Ин робитаю ҳамкориҳо бояд дар асоси боварӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва дастгирии мутақобила ба роҳ монда шаванд. Зикр намудан зарур аст, ки қишри муҳими ҷомеаро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷавонон, ки қувваи асосӣ, фаъол ва пешбаранда дар ҷомеа мебошанд, аз ин лиҳоз пеш аз ҳама ба онҳо такя намуда, ҳамкориро ба роҳ гузоштан зарур аст.

  Сардори мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе зикр намуд, ки тибқи Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2020-2025 ҳамкории мақомоти милитсия бо ҷомеа яке аз самтҳои афзалиятноки рушди милитсия ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, робитаю ҳамкории зич бо аҳолӣ ба роҳ монда шуда, ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ сафарбар намудани шаҳрвандон, аз ҷумла дружиначиёни ихтиёрӣ, самаранок ташкил карда шудааст. Чунончӣ, бо мақсади тақвият бахшидани фаъолият дар ин самт дар давоми соли 2022 сардорони Ситоди дружинаҳои ихтиёрӣ дар якҷоягӣ бо масъулини Раёсат, ШВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва нозирони минтақавии милитсия 126 маротиба бо аҳли ҷамоатчигӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе суҳбату вохӯриҳоро баргузор намуданд.


  Воқеан саҳми шаҳрвандон, махсусан дружиначиёни ихтиёрӣ дар ошкорсозии ҷинояткорию ҳуқуқвайронкунӣ назаррас арзёбӣ мегардад. Чуноне иттилоъ дода шуд, давоми соли 2022 дар пойтахт зимни хизматбарӣ бо ёрии дружиначиёни ихтиёрӣ 127 ҷиноят, инчунин аз ҷониби нозирони минтақавӣ бо ёрии бевоситаи дружиначиёни ихтиёрӣ 9112 адад ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ошкор ва ҳуҷҷатгузорӣ карда шудаанд.
  Ҳамзамон таъкид гардид, ки бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ зимни баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ пайваста дружиначиёни ихтиёрӣ ба хизмат сафарбар гардида, саҳми сазовори худро мегузоранд.


  Дар ҷараёни анҷумани мазкур муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед Авзал суханронӣ намуда, аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба кормандони милитсияи пойтахт ва дружиначиёни ихтиёрӣ, ки бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе фаъолияи шабонарӯзӣ доранд, изҳори сипос намуд. Номбурда таъкид дошт, ки аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, пайваста он нафароне, ки ихтиёран дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ саҳм мегузоранд, қадршиносӣ ва ҳавасманд гардонида мешаванд.


  Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия, полковники-милитсия Ҳамдамзода Валихон зимни суханронӣ иброз дошт, ки мақсад аз татбиқи Барнома ва стратегияи ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама ба роҳ мондани ҳамкории зичи милитсия бо шаҳрвандон мебошад, ки баргузории чунин анҷуман ва мулоқоту суҳбати самимӣ бо дружиначиёни ихтиёрӣ метавонад дар амалисозии ин ҳадаф мусоидат намояд. Номбурда иқдоми милитсияи шаҳри Душанберо ҷиҳати баргузории чунин чорабинӣ, ки дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ташкил карда шудааст, қобили таҳсин номид.


  Дар идомаи анҷуман, муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники-милитсия Ҳотамзода Сайдаҳтам Саидмукарам, бо слайд-тасвирҳо дар мавзӯи хатари гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро маърӯза намуда, ҳозиринро ба ҳамкорӣ ва муборизаи дастаҷамъона бар зидди ин зуҳуроти номатлуби замони муосир даъват намуд.
  Инчунин, муовини Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар шаҳри Душанбе Латипова Гулпарӣ ва як қатор ҷавонони фаъол низ суханронӣ намуданд.


  Қобили зикр аст, ки дар ҷараёни анҷуман бо ибтикори роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе туйи домодии «Корманди ғайриштатӣ»-и милитсия-Негматов Бахтовар, ки ҷавони фаъолу пешқадам ба шумор меравад, баргузор карда шуда, дар вазъияти тантанавӣ маросими ақди никоҳ низ доир карда шуд.
  Дар қисмати дигари анҷумани мазкур аз ҷониби роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба сардорони Ситод ва 210-нафар «Дружиначиёни ихтиёрӣ» ва 140-нафар «Кормандони ғайриштатии милитсия»-и шаҳри Душанбе, ки зимни баргузории чорабиниҳо бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ иштироки фаъолона доранд, бо туҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ карда шуданд.

Сироҷиддин Шукурӣ, капитани милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin