Бар зидди коррупсия якҷоя мубориза мебарем!

Бар зидди коррупсия якҷоя мубориза мебарем!

  Дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади муборизаи дастаҷамъона бар зидди коррупсия ва баррасии мушкилоти ҷойдошта ва роҳу усулҳои пешгирии он ҷамъомад доир гардид.


  Дар мулоқоти мазкур, сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов, сардори Шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, подполковники адлия Турсунзода Шодком, сардорони ШВКД-ҳо дар шаҳри Душанбе ва ҳайати шахсии мақомоти милитсияи пойтахт ширкат намуданд.


  Зимни ҷаласаи мазкур таъкид гардид, ки бо мақсади пешгирӣ намудани ин омили номатлуб дар ҷомеа дар баробари мақомотҳои ваколатдори давлатӣ, ҳамзамон дигар қишрҳои ҷомеа низ бояд саҳми худро гузоранд. Зеро коррупсия зуҳуроти номатлуби ҷамъиятиест, ки дар баробари поймолсозии ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, ҳамзамон манфиатҳои давлатӣ низ поймол гардида, хатар ба суботу оромии ҷомеа дорад.


  Дар қисмати дигари мулоқот талаботҳои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия» ва Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дигар санадҳои меърию ҳуқуқӣ мавриди шарҳу тавзеҳ қарор дода шуданд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin