Аёдати собиқадори милитсия

Аёдати собиқадори милитсия

  Аёдати собиқадорон ва аз таҷрибаи бою рангини онҳо баҳри ташаккули фаъолияти хизматӣ истифода бурдан, амали оқилонаву кори хайрест, ки пайваста Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамагонро талқин мекунанд.
  Дар арафаи таҷлили 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз собиқадори мақомоти милитсия генерал-майори мустаъфӣ-Латипов Қурбон ба синни мубораки 90-солагӣ расиданд. Мавсуф давоми фаъолияти хизматии худ дар вазифаҳои пурмасъули мақомоти милитсия адои хизмат намуда, дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва ҳифзи суботу осоиштаҳолии шаҳрвандон саҳми арзандаи хешро гузоштааст. Далериву шуҷоат ва таҷрибаву малакаи касбии ӯ барои насли ҷавони мақомоти милитсия мактаби бузурги ҷавонмардист.


  Дар ин санаи муҳимми таърихӣ, кормандони мақомоти милитсия пойтахт ба аёдотаи ӯ рафта, табрикоти самимонаи роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо расониданд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin