15-шабонарӯз ҳабси модарозор

15-шабонарӯз ҳабси модарозор

  Дар баробари мубориза зидди ҷинояткорӣ, ҳамчунин як самти дигари фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, таъмини фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар оила ва пешгирии хушунату зуроварӣ дар оила мебошад.
  Аз ҷумла, дар натиҷаи санҷиш ва баррасии муроҷиати модар ва пайвандон, аз ҷониби кормандони милитсия 1-ҳолати хушунати оилавӣ ва озори модар ба қайд гирифта шуда, сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда муайян карда шуд.
  Шаҳрванд Шакаров Зиёратшоҳ Файзуллоевич, соли таваллудаш 12.08.2000, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Сурхоб, муддатест ба нушидани машруботи спиртӣ машғул гардида, фазои носилимеро дар муҳити хонаводаи худ ба миён овардааст.
  Аз ҷумла, маротибаи охирон низ дар ҳолати мастӣ ба хона омада, бо модар ва ҳамсару бародари худ муноқиша намуда, дар баробари бо алфози қабеҳ шаъну шарафи онҳоро паст намудан, ҳамзамон бо дастчӯби махсуси омода кардаи худ онҳоро таҳдид кардааст.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Шакаров Зиёратшоҳ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарори Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin