• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҳабси блогери навбатӣ: Оқибати паҳн намудани наворҳои таҳқиромез
Ҳабси блогери навбатӣ: Оқибати паҳн намудани наворҳои таҳқиромез

Ҳабси блогери навбатӣ: Оқибати паҳн намудани наворҳои таҳқиромез

  Новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ ҷиҳати истифодаи мақсадноки шабакаҳои иҷтимоӣ, мутаассифона боз ҳастанд нафароне, ки ба хотири зиёд намудани шумораи обуначиёни худ наворҳои ғайриахлоқию таҳқиромез омода сохта, дар саҳифаҳои иҷтимоии худ нашр мекунанд. Дар заминаи муроҷиатҳои шаҳрвандон, мақомоти милитсия бо мақсади пешгирӣ ва ислоҳ намудани чунин афрод, дар байни истифодабарандагони шбакаҳои иҷтимоӣ корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намуда истодааст.
  Аз ҷумла, як қатор шаҳрвандон ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо ирсоли навор муроҷиат намуданд, ки нисбати як нафар ба ном «блогер» чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шавад. Зимни санҷиш муайян гардид, ки ин нафар шаҳрванд Ҳимматзода Ҳабибулло Убайдулло соли таваллудаш 18.08.2002, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Н.Қарабоев мебошад, ки дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд.
  Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда дар шабакаи иҷтимоии «Инстаграм» саҳифаи худро кушода, пайваста ба паҳн намудани наворҳои таҳқиромезу пур аз дашном ва алфози қабеҳ машғул аст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суди ноҳияи Шоҳмансур ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз татбиқ карда шуд.
  Ҳамзамон, ҷиҳати минбаъд ба чунин кирдори ғайриқонунӣ даст назадан, қатъиян огоҳонида шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin